Тушберра



Хамир:1д тухм;
3қошуқи калон об
Намак;
Орд;

Фарш
100гр фарш;
1д пиёз;
Мурч;
Зира;
Намак;

Шӯрбо:
1д сабзӣ;
1д пиёзи калон;
1д картошка;
1қошуқи калон томат;
каме равған;
намак;
баргҳои дарахти Лавр(лавровый лист)
Бульёни қоқ(Ролтон)



Омодасози:
Тухм об ва намакро омехта намуда хамири тушберраҳоямонро омода месозем. Хамир бояд сахт бошад, намакаш бошад каме аз муқарарот шӯртар. Хамирамон бояд ним соат дам гирад.
Ҳамаи қисмоҳои фаршро бо ҳам омехта месозем.

Хамирро тунук мекунему ба чоркунҷаҳои 5смx5см тақсим мекунем.



Хамирамон бояд тунуки бад набошад.
Ба дохили ҳар як чоркунҷа фарш андохта, онҳоро бо ин тарз мепечонем:



Сабзӣ, пиёз ва картошкаро майда реза мекунем.

Дар дохили дег каме равғани растани ва томатро андохта каме мезербонем.

Пас аз он сабзавотро ба онҳо ҳамроҳ мекунем.

Баъди каме зербонданашон ба онҳо об мерезем мекунем. Шурбои мо бояд аз 5 то 10 дақиқа дар оташи паст ҷӯшад. пас аз он ки хамаи махсулоти шӯрбо пухт тушберрачаҳоямонро ба он ҳамроҳ мекунем. Пас аз 20дақиқа хуроки мо омодааст.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Блинчик бо творог.

Эклер