Тушберра

Изображение
Хамир:1д тухм; 3қошуқи калон об Намак; Орд; Фарш 100гр фарш; 1д пиёз; Мурч; Зира; Намак; Шӯрбо: 1д сабзӣ; 1д пиёзи калон; 1д картошка; 1қошуқи калон томат; каме равған; намак; баргҳои дарахти Лавр(лавровый лист) Бульёни қоқ(Ролтон)

Самбусаи баҳори(варақин)


Хамир
1. Орд 300гр
2. Равғани растанӣ
3. Об бо намак
4. Равғани гов бо равғани растани (ё танҳо равғани «Хазар») 200гр;
Зербак
1. Гӯшти қиммакардашудаи гов 400гр;
2. Равғани думба(агар хоҳед) 50гр;
3. Пиёз 4дона;
4. Пудинаи сабз 100гр;
5. Алафи ҷағ-ҷағ (шпинат) ё дигар алафи баҳори 100гр;
6. Зира 1қ.м;
7. Тухм 1дона;
8. Кунҷит 1қ.к;
9. Намак;



Датурамал
Аз орд намак ва об хамир мешурем ва онро ба 4 қисм тақсим намуда, мегузорем то дамгирад
То дам гирифтани хамир, зербак омода месозем. Барои ин гушти қиммашуда, равғани думба, пиёзи хурдкадашуда ва каме зираро бо ҳам омехта месозем.
Кабудиҳоро тоза мекунем, мешӯем ва реза мекунем. Гуштро бо кабудиҳо, намак, зирра, қаланфур якҷоя намуда, хуб омехта мекунем.
Хамирчаҳоро хеле тунук намуда, равған мемолем.
Хамирро дар ухлоқ печонида, аз байнаш мебуре . Дар натиҷа қабатҳои тунуки хамир бо равған ҳосил мешавад.
Хамирро ба чоркунҷачаҳо тақсим мекунем.
Ба болои ҳар як чоркунҷа зербак гузошта ба чунин тарз мепечонем.
Ба болои ҳар як самбуса зардии тухм ва кунҷит мепошем.
Тафдонро то 200дараҷа гарм намуда, самбусаҳоро то пухтанашон дар он мепазем. Ҳамаи ин тақрибан 20-25 дақиқа вақтро мегирад. Баъд аз пухтан ба самбуса об мепошем ва болояшро мепушонем.
Самбусаҳои варақини мо тайёр шуданд, бо иштиҳои том!

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Блинчик бо творог.

Эклер