Тушберра

Изображение
Хамир:1д тухм; 3қошуқи калон об Намак; Орд; Фарш 100гр фарш; 1д пиёз; Мурч; Зира; Намак; Шӯрбо: 1д сабзӣ; 1д пиёзи калон; 1д картошка; 1қошуқи калон томат; каме равған; намак; баргҳои дарахти Лавр(лавровый лист) Бульёни қоқ(Ролтон)

Кулчақанди "Сникерс" (Пирожни)

Ин кулчақанд хелле бомазза ва зебост. Тарзи тайёр намуданашро бошад ман бори аввал дар барномаи кошона дидам ва тайёркунияш низ он қадар душвор нест.
Таркиб:
5 дона тухм;
500г маргарин;
1д ковоккунанда;
2д ширқиёми варёнка;
1стакан чормағз;
1стакан шакар;
3 стакан орд;


Дастурамал:
Хамир: Зардии тухмҳоро аз сафедияш ҷудо мекунем. 400г маргарин ва ордро бо ҳам омехта намуда, ба ин маҳлул ковоккунанда илова мекунем ва боз як бори дигар омехта менамоем. Ба дохили орд зардиҳои тухмро илова мекунем ва хамир мешурем. Хамирро ба ду қисми баробар тақсим мекунем. Сафедиҳоро то сафедшавиашон бо миксер мезанем, кам-кам шакарро илова мекунем. 
Дар дохили тобаи гарм як хамирчаро тунук мекунем.

Ба болои хамир бизеи сафедиҳои тухмро илова мекунем. Ба болои он чормағз мепошем.

Дар тафдони 150 дараҷа гарм, то сурхшавии бизе мепазем.

Бо хамирчаи дигар низ ҳамин амалро иҷро мекунем.
Барои омода сохтани крем ду ширқием ва 100г маргаринро бо ҳам хуб омехта мекунем. Ба хамири якум крем мемолем ва аз болояш хамири дуюмро мегузорем.

Болои пирожниямонро бо мондаи крем мепушонем.

Дар болои пирожни бо глазур хатҳо рост тасвир менамоем. Баъд бо чубча ба онҳо шакли баргакҳоро метием.

Пирожнии мо омда шуд. Бо иштиҳои том!!!

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Блинчик бо творог.

Эклер